Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол аз таъсиси хазинаи наҷоти евро


Мақомоти байнулмилалӣ ва ҳукуматҳо аз таъсиси хазинаи фавқулодаи зиддибӯҳронии Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул истиқбол карданд. Қарор аст, ин захира аз 1 триллион доллар қарз ё тазмин иборат буда, аз густариши бӯҳрони қарзҳои давлатӣ дар Аврупо пешгирӣ кунад. Раиси Сандуқи байнулмилалии пул Доминик Штраус-Кан гуфт, таъсиси хазина "як қадами бузурге ба пеш аст" ва сарвазири Олмон Ангела Меркел афзуд, ин сармоя ба сипари евро зидди ҳамлаи бозорҳои бурс табдил хоҳад ёфт. Бонки Марказии Аврупо гуфт, қарзи давлатҳои минтақаи евроро аз онҳо харидорӣ хоҳад кард. Таъсиси хазина ба афзоиши қурби евро мусоидат кард.
XS
SM
MD
LG