Пайвандҳои дастрасӣ

"Регар" ТадАЗ дар Душанбе барқро хомӯш кард


• ССКА «Помир» 1:1 «Хайр»
• «Энергетик» 0:4 «Регар» ТадАЗ
• «Парвоз» 3:2 «Хуҷанд»


Даври шашуми сабқати қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи Олӣ бо се бозӣ дар охири ҳафтаи гузашта ба анҷом расид.
Рӯзи 8-уми май дар шаҳри Душанбе ССКА «Помир» бо «Хайр»-и Ваҳдат мусовӣ 1:1 кард. Дастаи Ҳикмат Фузайлов дар 6 бозӣ ҳанӯзам ҳеҷ ғалабае ба даст наовардааст.

Ҳамчунин, дар шаҳри Душанбе «Энергетик» аз «Регар» ТадАЗ чаҳор голи бепосух сар дод. Пас аз ин ғалаба қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон пешсафи ягонаи ҷадвал гардид.

Дар ҷадвал пас аз анҷоми даври шашум «Парвоз» ба боло парвоз кард ва дар зинаи чаҳорум фуруд омад. Дар «Фурудгоҳ»-аш «Парвоз» бар «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 15-уми май

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

6

5

1

0

21-1

16

2.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

6

4

1

1

7-3

13

3.

«Истиқлол» (Душанбе)

5

3

2

0

11-4

11

4.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

5

2

1

2

7-7

7

5.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

6

1

3

2

7-11

6

6.

«Хайр» (Ваҳдат)

5

1

2

2

7-7

5

7.

«Энергетик» (Душанбе)

6

1

2

3

6-9

5

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

6

0

3

3

2-12

3

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

5

0

1

4

1-15

1


Даври 7-ум
15-уми май (шанбе)
«Хайр» – «Истиқлол»
«Равшан» – ССКА «Помир»
«Регар» ТадАЗ – «Парвоз»
XS
SM
MD
LG