Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз Сурия ва Туркия боздид мекунад


Қарор аст, имрӯз боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз Сурия ва сипас аз Туркия оғоз шавад. Интизор меравад, ки Медведев дар Димишқ бо Башор ал Асад-раиси ҷумҳури Сурия мулоқот анҷом диҳад. Сергей Приходко-мушовири раиси ҷумҳур гуфтааст, мумкин аст, ду раҳбар дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, низомиву техникӣ ва дар бораи пешрафти сулҳи Ховари Миёна сӯҳбат кунанд. Шоми имрӯз Медведев аз Димишқ вориди Анкара-пойтахти Туркия мешавад.
XS
SM
MD
LG