Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нируҳои НАТО дар паради Маскав ширкат карданд


Дирӯз дар Майдони Сурхи Маскав нируҳои НАТО дар паради низомӣ ба муносибати 65-ӯмин солгарди ҷашни Ғалаба ширкат карданд. Дар он воҳидҳои низомии кишварҳои ҳамсуд, аз ҷумла аз Озарбойҷону Арманистон, аз Молдоваву Беларус, аз Қазоқистону Туркманистон ва амсоли он ширкат доштанд. Аммо аз Тоҷикистон дар парад 79 нафар донишҷӯёни донишгоҳи низомӣ ширкат карданд. Бори нахуст дар ин парад нируҳои кишварҳои ҳампаймони зидди фашизм, аз ҷумла Британияву Амркио, Фаронсаву Полша бо низомиёни кишварҳои пешини Шӯравӣ паҳлӯ ба паҳлӯ истоданд. Дар ин парад аз худи русҳо 10 000 нафар низомиён ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG