Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Русия 80 коргар ҳамоно дар зери кон қарор доранд


Баъд аз ду инфиҷор дар Распадская-яке аз бузургтарин конҳои ангишти Русия 80 нафари дигар ҳамчунон дар дохили кон дар зери замин боқӣ мондаанд. Ба гурӯҳҳои наҷот иҷоза дода нашудааст, ки ба дохили кон раванд, зеро дар дохил газ ҷамъ шудааст ва имкони инфиҷор вуҷуд дорад. Кони Распадская дар минтақаи Кемерово дар Сибир воқеъ аст. Аз берун ба дохили кон ҳаво равон мекунанд ва ҷустуҷӯи роҳҳои наҷоти коргарон идома дорад. Дастикам, 12 нафар дар дохили кон дар ду инфиҷор кушта шудаанд, ки дар миёни онҳо коргарон ва наҷотдиҳандагон будаанд.
XS
SM
MD
LG