Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Онишенко хостори хуруҷи русҳо аз Тоҷикистон шуд


Геннадий Онишенко- раиси идораи беҳдошти Русия гуфтааст, бояд шаҳрвандони Русия Тоҷикистонро тарк кунанд, зеро дар Тоҷикистон 236 мавриди бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит сабти ном шудааст. Аз онҳо 13 нафар аз ин беморӣ даргузаштаанд. Дар ин бора сафҳаи интернетии Ниюсланд-ру хабар додааст. Ба гуфтаи Ошнишенко, шаҳрвандони Русия, ба вижа, кӯдаконе, ки муваққатан дар он ҷо қарор доранд, бояд ба зудӣ аз Тоҷикистон хориҷ шаванд. Онишенко меафзояд, Русия санадеро таҳия ва ба тасвиб мерасонад, ки тибқи он вуруди кӯдакони то 6-сола аз Тоҷикистон ба Русия мамнуъ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG