Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъд аз селоб Каримов ба Тоҷикистон "тараҳҳум" кард


Баъд аз пахши хабари селоби шадиди фоҷеабори Кӯлоб Ӯзбекистон чанд вагони ҳомили орди Тоҷикистонро барои идомаи ҳаракат ба сӯи Тоҷикистон иҷоза додааст. Усмон Қаландаров-муовини раиси ширкати "Роҳи оҳан"-и ТОҷикистон гуфтааст, 96 вагони ҳомили орд ба вилояти Хатлон расидааст ва интизор меравад, қаторҳои дигари ҳомили маводи ғизоӣ низ марзи Узбакистонро бигзарад. Ин дафъа расонаҳои хабарии Узбакистон навиштаанд, ки Ислом Каримов- раиси ҷумҳур дастури иҷозаи ҳаракати қаторҳои вилояти Хатлонро содир кардааст.
XS
SM
MD
LG