Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқот дар бораи ҳукумати Британия наздик аст


Ҳизби Муҳофизакори Британия гуфт, дар мулоқоте бо Ҳизби Либерал -Демократ баррасиҳояшон хуб будааст, вале натавонистаанд, дар бораи ҳукумати нав ба тавофуқ расанд ва мулоқоти дигареро ба нақша гирифтаанд. Ҳизби Муҳофизакори Дэвид Камерон дар интихоботи порламонии рӯзи панҷшанбе курсиҳои бештари порламонро ба даст овард, вале дар маҷмуъ аксариятро ташкил намедиҳад. Ба ҳамин далел, ин ҳизб ба ҳимояти Ҳизби Либерал-Демократ, ки мақоми севвумро гирифт, ниёз дорад. Ин ҳизб барои музокира ҳам бо Гордон Браун-нахуствазири кунунӣ ва раҳбари Ҳизби Коргар ва ҳам бо муҳофизакорон омода аст.
XS
SM
MD
LG