Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай барои музокирот ба Вошингтон рафт


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон барои як боздиди чаҳоррӯза озими Амрико шудааст. Вай дар ҷараёни ин боздид бо Барак Обама-раиси ҷумҳур, Ҳилларӣ Клинтон-вазири корҳои хориҷа ва Роберт Гейтс-вазири дифоъи Амрико дидор ва гуфтугӯ мекунад. Ин нахустин боздиди Ҳомид Карзай аз Амрико баъд аз интиқодоти шадиди вай дар ин бора, ки кишварҳои хориҷӣ дар тақаллуби интихоботӣ дар Афғонистон даст доштаанд, интихоботе, ки Ҳомид Карзайро соли гузашта дубора бар сари қудрат овард. Ин интиқодоти Карзай Вошингтонро ба ғазаб оварда буд. Рӯзи чаҳоршанбе дар Кохи Сафеди Вошингтон мулоқоти Карзай баргузор мешавад. Сухангӯи Кохи Сафед ин мулоқотро "хеле муҳим" медонад.
XS
SM
MD
LG