Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти 80 ҷавони эронӣ дар як консерти ғайриқонунӣ


Додситони Теҳрон Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфтааст, ки мақомот 80 марду зани ҷавонро ба далели рафтори “шаҳватҷӯёна” дар як консерти ғайриқонунӣ боздошт карданд.
Хабаргузории нимарасмии ИСНО навишт, пулиси ахлоқ дар ҷараёни як амалиёт аз толори консерт занону мардони ҷавони либоси, ба гуфтаи Давлатободӣ, “ғаримуносиб” дар танро боздошт кардааст. Бино ба хабарҳо, аз ин макон машрубот низ кашф шудааст. Ҷумҳурии исломии Эрон хеле аз анвоъи либосу мусиқии ғарбиро ғайриахлоқӣ мешуморад ва пулиси ахлоқ муваззаф аст, иҷрои усули шадиди рафтори исломиро дар маконҳои ҷамъиятӣ назорат барад.
XS
SM
MD
LG