Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Бадахшон 35 нафар иштирокчиёни муҳорибҳои Ҷанги бузурги ватанӣ дар қайди ҳаёт боқӣ мондаанд. Бино ба иттилои Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоят, аз ин шумор танҳо 7 нафарашон қобилияти роҳ рафтану ширкат варзидан дар намоиши идонаро доранд.

Дар чунин ҳолат дар бештари маворид мукофотпулӣ ва тӯҳфаҳо ба собиқадорони ҷанг дар хонаҳояшон ба онҳо тақдим мешавад.

Аммо дар солҳои ҷанг ба майдони набард бештар аз ду ҳазор ҷавонони бадахшӣ сафарбар гардидаанд. Додихудо Солеҳов, яке аз иштирокдорони ҷанг, дар маросими ҷашни 65-солагии Иди Зафар дар Хоруғ бо сипосгузорӣ аз кумакҳои расида ва ёдоварӣ аз лаҳзаҳои набард гуфт, ки ҳануз ҳам бардаму бақувват аст ва дар заминкорӣ ба фарзандонаш ибрат нишон медиҳад.

Иди Зафар дар майдони Ғалабаи Хоруғ бо гулчамбаргузорӣ бар пояи сарбози номаълум ва намоиши ҳарбӣ оғоз шуда, озмуни сурудҳои даврони ҷанг ба он ҳусни анҷом бахшиданд.

Дар намоиш ҳамчунин лаҳзаҳои театрикунондашуда аз ҷанг манзури тамошобинон гардида, дар дили ҳозирин нафрат ба ҷанг ва ба шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаро бедор месохтанд.

Дар зиёфати идона ба ифтизори Иди ғалаба дар баробари собиқадорони ҷанг собиқадорони меҳнат низ ширкат доштанд.

Мақоми аввали вилоят зимни суханронӣ қайд намуд, ки сокинони Бадахшон дар солҳои ҷанг зиёда аз 13 миллион рубл ба фронт кумак расондаанд ва бо идомаи ин анъанаи ватандӯстона дар тӯли соли равон маблағи бештар аз 9 миллион сомонӣ ба суратҳисоби бунёди НОБ-и Роғун ироа шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG