Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Кӯлоб боз сел омад


Шоми имрӯз дар шаҳри Кӯлоб сели нав омад. Ин сел ҳамагӣ 2 рӯз баъд аз селхезиҳоест, ки дар навоҳии минтақаи Кӯлоб чандин нафарро кушта ба ҷо гузошт. Бо ин ҳол, оморҳои марбут ба теъдоди қурбониёни офатҳои табии Кӯлоб ҳамчунон зиддунақизанд. Шаҳрдори Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев имрӯз гуфт, ки ба ҳисоби онҳо, танҳо дар ин шаҳр 9 нафар ва 7 тани дигар дар Шӯрообод ҳалок шуда, ҳудуди 40 нафар беномунишон боқӣ мемонанд. Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон аммо ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, то 9 май ҳалокати дар маҷмӯъ 14 нафар, аз ҷумла 7 нафар дар Кӯлоб, 6 тани дигар – дар Шӯрообод ва якеи дигар – дар Норак таъйид шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамин ниҳод дирӯз шумори қурбониёни офоти табиӣ дар ҷануби Тоҷикистонро 21 нафар мегуфт. Аммо хабаргузории “Азия Плюс” дар бораи ҳалокати 20 нафар дар селхезиҳои 6 ва 7 май хабар дода, бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, теъдоди ҳалокшудагон танҳо дар ин шаҳр даҳҳо нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG