Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтилофи назар дар Аврупо бар сари сандуқи ҳифзи евро


Вазирони молияи ИА имрӯз дар Брюссел мавзӯъи таҳияи як “механизми субот” ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши бӯҳрони қарзҳои Юнон ба кишварҳои дигари ин қораро баррасӣ доранд.
Бояд аз ҷумла як сандуқи кӯмаки иборат аз 60 миллиард евро ташкил шавад, ки дар дастраси 16 кишвари узви минтақаи евро қарор хоҳад гирифт. Бархе раҳбарони Аврупо мехоҳанд ҷузъиёти ин нақша алакай то шурӯъи кори бозорҳои молӣ дар субҳи душанбе ҳамоҳанг шуда, аз идомаи таҳлукаи сармоядорон нисбат ба сарнавишти евро ҷилавгирӣ кунад.
Дар пешорӯи нишасти имрӯза Елена Салгадо, вазири молияи Испания, ки раёсати давраии ИА-ро бар ӯҳда дорад, гуфт, ин созмон ба хотири ҳифзи евро “тамоми кори лозим”-ро хоҳад кард. Аммо вазири молияи Бритониё Элистер Дарлинг ҳимоят аз евроро масъулияти кишварҳои узви минтақаи евро номид ва гуфт, Лондон аз таъсиси сандуқи кӯмаки ИА пуштибонӣ намекунад. Рӯзи ҷумъа раҳбарони минтақаи евро ёрии муштараки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба Юнон ба маблағи 110 миллиард евроро тасвиб карданд.
XS
SM
MD
LG