Пайвандҳои дастрасӣ

Ирсоли натоиҷи орои 17 вилояти Ироқ ба Додгоҳи олӣ


Куммиссиюни интихоботи Ироқ гуфт, натоиҷи шумориши орои интихоботи парлумонии 7 март аз 17 вилояти ин кишвар, ба истиснои Бағдодро, барои тасвиби ниҳоӣ ба Додгоҳи олӣ ирсол кардааст. Орои вилояти Бағдод феълан дар дасти шумориши дубора қарор дорад. Аҳзоби сиёсии Ироқ бо вуҷуди гузашти беш аз 2 моҳ аз интихоботи саросарӣ дар амри ташкили ҳукумати ҷадид пешрафти ночизе доштаанд. Аз ҷумла ба далели то ҳол ба чолиш кашонида шудани натоиҷи он раъйгирӣ ва суолҳое ки пиромуни эътибори бархе вакилон эҷод шудааст.
XS
SM
MD
LG