Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асароти дуди вулқон ба анҷоми парвозҳо дар Аврупо


Евроконтрол, як ниҳоди масъули назорати парвозҳо дар қораи Аврупо мегӯяд, интизор дорад, ки абрҳои пур аз дуди вулқони Исландия коҳиш ёфта, имкони алакай то поёни имрӯз дубора боз шудани аксари фурудгоҳҳои феълан басташуда дар ин қораро фароҳам хоҳад сохт. Ин ниҳод мегӯяд, одатан дар чунин рӯзҳо то 500 ҳавопаймо ба осмони Аврупо баланд мешуд, вале дуди вулқон боиси коҳиши қобили мулоҳизаи парвозҳо шудааст. Имрӯз теъдоди зиёди парвозҳо дар Фаронсаву Итолиё ва Португалия лағв шуда, ҳавопаймоҳое, ки байни ду қораи Аврупову Амрико парвоз доранд, барои дурӣ ҷустан аз дуди вулқон иҷборан масирҳои тӯлонитареро интихоб мекунанд.
Дар моҳи апрел дуди вулқони Исландия боиси барои 5 рӯз қатъ шудани парвозҳо дар саросари Аврупо шуд.
XS
SM
MD
LG