Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил дар Маскав бидуни ширкати раисиҷумҳурии Узбакистон ва роҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон баргузор шуд.

Ин нишаст дар ҳошияи маросими таҷлил аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ мегузарад ва нахустин дидори рӯбарӯи раҳбарони кишварҳои узви ИДМ дар пайи суқути давлати Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел дар Қирғизистон аст.

Раҳбарони кишварҳои узви ин иттиҳод ҳаводиси Қирғизистонро ҳамчун кори дохилии ин кишвар арзёбӣ карданд. Агарчанде мавқеи Александр Лукашенко, раисиҷумҳурии Белорус, тамоман дигар буд ва дар расонаҳову таҳлилҳои коршиносон низ аз мудохилаи мустақими Русия ба ин ҳаводис сӯҳбатҳо хеле зиёд ба нашр расиданд.

Сиёсатҳои нави Русия

Нишасти ғайрирасмии сарони ИДМ дар Маскав дар ҳоле баргузор мешавад, ки коршиносон аз талоши ба намоиш гузоштани сиёсатҳои нави Русия дар қиболи кишварҳои шӯравии пешин ҳарф мезананд.

Ба эътиқоди коршиносон, Русия дар ҳавои ҳаводиси Қирғизистон ошкоро ба роҳбарони кишварҳои шӯравӣ ҳушдор медиҳад, ки таҳаммули бетаваҷҷӯҳии онҳоро нахоҳад дошт. Ва агар ки ин кишварҳо низ чун Қирғизистон бо Русия сиёсати духӯраро ба кор бубаранд, подошро набояд барои деру дур мунтазир бошанд.

"Нороҳатиҳо"-и Русия аз Тоҷикистон

Қосими Бекмуҳаммад, коршиносои мустақили тоҷик, мегӯяд, қарори манъи воридоти хушкмеваи Тоҷикистон ба Русия ба баҳонаи ҷилавгирӣ аз бемории фалаҷи кӯдак ишораи ошкорои нороҳатиҳои Русия аз Тоҷикистон аст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони Тоҷикистон, мегӯяд, Русия дигар сиёсатҳои худро, ки кишварҳои шӯравии пешин ва бахусус Осиёи Марказиро манотиқи манофеи худ меҳисобад, пинҳон намедорад ва ин воқеиятро барои кишварҳои дигар низ расонидааст, ки бидуни ҳамоҳангӣ бо Русия наметавонанд дар минтақа ҳузури тӯлонӣ дошта бошанд.

Вай меафзояд, вале ин ба маҳорат ва истеъдоди роҳбарони ин кишварҳо бастагӣ дорад, ки дар бозии абарқудратҳо битавонанд манофеи миллиро ҳифз кунанд.

Шарикии иҷбории стратегӣ

Ахиран раисиҷумҳурии Тоҷикистон низ дар пайи тағйири равобит бо Русия уфтода ва баъди фосилаи сесола аз Русия ба унвони шарики стротежии кишвараш ном бурд. Дар паёми ахири раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои Русия ҷойгоҳи вижаеро қоил шуда аз ин кишвар ба таври алоҳида ва ҷудогона ба унвони асоситарин ҳампаймони Тоҷикистон ёдовар шуд.

Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба ҳаводиси ахири Қирғизистон, нақши сарнавиштсози маблағи муҳоҷирин дар иқтисоди кишвар ва ҳузури пойгоҳии низомии Русия дар Тоҷикистон роҳандозии равобити беҳтар бо ин кишварро афзал мешуморанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG