Пайвандҳои дастрасӣ

Барои аввалин бор дар 65-умин солгарди шикасти Олмони фашистӣ дар Ҷанги дуввуми ҷаҳон нерӯҳои кишварҳои узви НАТО якҷо бо Русия дар Майдони сурхи Маскав раҳпаймоии ҳарбӣ баргузор карданд.

Дар намоиш афсарони нерӯҳои Бритониё, Фаронса ва Лаҳистон якҷо бо нерӯҳои Русия ва даҳҳо раҳбари давлатҳои ҷаҳон ба назар расиданд. Маърака дар ҳузури раисиҷумҳури Чин Ҳу Ҷинтао, садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва тақрибан ҳамаи сарварони кишварҳои собиқ Шӯравӣ баргузор шуд.

Бузургтарин роҳпаймоӣ баъд аз Шӯравӣ

Ин раҳпаймоии 70-дақиқаӣ бо ширкати 10 ҳазор сарбози Русия, садҳо бахши низомӣ ва техникаи замонавӣ, бо шумули мушакҳои баллистикӣ ва ҳавопаймоҳои замонавӣ аз бузургтарин роҳпаймоиҳои ҳарбии баъди суқути Шӯравӣ унвон шудааст.

Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев зимни суханронӣ дар Майдони Сурх гуфт, “бо суқути Олмони фашистӣ мошине, ки барои маҳви инсонҳо бунёд ёфта буд, мутаваққиф шуд. Таҷрибаи Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ моро ба муттаҳидӣ даъват мекунад, зеро сулҳ ҳануз ҳам шикананда аст. Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем ба чолишҳои феълӣ муқовимат кунем. Масоили амнияти саросариро метавон танҳо бар пояи ҳамсоягии хуб ҳаллу фасл кард. То ормонҳои адолат ва хубӣ пирӯз шавад ва то насли ояндаи мо дар сулҳу хушбахтӣ ба сар бубарад."

Раҳпаймоиҳои ҳарбии монанд ба ин дар 70 манотиқи дигари Русия аз Владивосток ва Хабаровск то Шарқи дур ва Санкт-Петербург баргузор шуд.

40 миллион доллар барои таҷлили Рӯзи ғалаба

Ҷанги дуввуми ҷаҳон дар Русия ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ аз бузургтарин набардҳои меҳанпарастӣ аст, ки соли 1941 бо ҳуҷуми фашизми Олмон ба Шӯравӣ шурӯъ шуд.

Даҳҳо қаҳрамонҳои ҷонбасаломатбурдаи ин ҷанг ва раҳбарони кишварҳои ҷаҳон ба ҷашни таҷлили Рӯзи ғалаба даъват шудаанд, ки дафъатан ба дунболи анҷоми паради ҳарбӣ сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки барои баргузории раҳпаймоии Рӯзи ғалаба, ки интиқодгарон онро намоиши тавони ҳарбии Маскав унвон кардаанд, Русия ҳудудан 40 миллион доллар сарф кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG