Пайвандҳои дастрасӣ

Урайқот аз шурӯъи музокирот бо Исроил хабар дод


Соиб Урайқот, раҳбари ҳайъати фаластиниҳо дар музокироти сулҳи Ховари Миёна имрӯз дар Ромуллоҳ дар пайи мулоқоти фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл бо раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос эълон кард, ки музокироти ғайримустақими онҳо бо Исроил шурӯъ шудааст. Қаблан сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бидуни музокироти мустақим расидан ба сулҳ бо фаластиниҳоро имконнопазир номид ва хостори гузариши батадриҷ аз музокироти ғайримустақими таҳти пуштибонии Амрико ба тамосҳои рӯбарӯ бо фаластиниҳо шуд. Созмони озодибахши Фаластин рӯзи шанбе пешниҳоди музокироти ғайримустақим бо Исроилро тасвиб кард. Ин иқдом роҳро барои нахустин музокирот бо Исроил дар 18 моҳи охир боз мекунад.
XS
SM
MD
LG