Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷангиён 4 афсари афғонро сар буридаанд


Мақомоти урдуи давлатии Афғонистон мегӯянд, ҷангиён рӯзи шанбе 4 афсари афғон аз нирӯҳои масъули дифоъ аз ҷомиаҳои маҳаллиро дар ҷараёни як задухӯрд сар буридаанд. Намояндаи урду майор Зайнуддин Шарифӣ гуфт, “ҷангиён 4 афсарро сар буридаанд, вале афсари панҷум ҳамчунон беномунишон боқӣ мемонад.” Ин 4 афсар аз нирӯҳои вижаи масъулини ҳифзи сокинони рустоӣ дар ғарби Афғонистон замоне асир уфтоданд, ки дар вилояти ғарбии Шинданд эҳтимоли як бомбгузори маргталабонаро таҳқиқ мекарданд.
Дирӯз дар натиҷаи ҳамлаи ҷавобии нирӯҳои эътилоф ва нирӯҳои зудамал 10 ҷангӣ низ ба ҳалокат расид. Шарифӣ гуфт, 4 тани онҳо бар асари бар тасмаҳои интиҳории дар баданашон корбастшуда расидани тир кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG