Пайвандҳои дастрасӣ

Нетаняҳу хостори гуфтугӯи мустақим бо фаластиниҳост


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу бидуни музокироти мустақим расидан ба сулҳ бо фаластиниҳоро имконнопазир номид. Нетаняҳу дар муроҷиате ба аъзои кобинааш хостори гузариши батадриҷ аз музокироти ғайримустақими таҳти пуштибонии Амрико ба тамосҳои рӯбарӯ бо фаластиниҳо шуд.
Созмони озодибахши Фаластин рӯзи шанбе пешниҳоди музокироти ғайримустақим бо Исроилро тасвиб кард. Ин иқдом роҳро барои нахустин музокирот бо Исроил дар 18 моҳи охир боз мекунад. Фиристодаи Амрико дар умури Ховари Миёна Ҷорҷ Митчелл имрӯз қабл аз бозгашташ ба Вашингтон бо раҳбарони фаластинӣ мулоқот хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG