Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа пас аз ду шабонарӯзи сафар тавассути Узбакистону Тайланд ба пойтахти Мянмар - шаҳри Янгон расид ва рӯзи чаҳорум аст, таҳти раҳбарии сармураббӣ Аслиддин Ҳабибуллоев тамрин мекунад.

Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар гурӯҳи «Б» бо қаҳрамонони Шри-Ланка, Покистон ва Камбоҷа барои роҳхат ба сабқати ниҳоии Ҷоми раиси AFC мубориза хоҳад бурд.

Нахустин бозии «Вахш» 10-уми май бо «Ринаун»-и Шри-Ланка дар варзишгоҳи бузургтарини Ягон, ки 40000 ҷоии нишаст дорад, соати 14-у 30 дақиқаи вақти Душанбе (соати 16 ба вақти Янгон) шурӯъ мешавад.

Ба ҳайати варзишӣ 28 нафар шомиланд, ки 18 нафари онҳо футболбозанд - дарвозабонҳо Фарҳод Юлдошев (легионер аз Узбакистон) ва Саидҷон Саидраҳмонов, ҳимоятгарон Субҳон Хоҷамов, Алексей Неъматов, Баҳодур Шарифов, Елайҷа Арие (легионер аз Гана), Акмал Сабуров, Асадулло Нуруллоев ва Наим Улмасов, нимҳимоятгарон Рустам Хоҷаев, Умедҷон Шарифов, Абдуқаюм Қарабоев, Ямолиддин Зардиев, ҳамлагарон Нумонҷон Ҳакимов, Маҳмадалӣ Содиқов, Рустам Усмонов, Аҳтам Ҳамроқулов ва Фирдавс Файзуллоев.

Ба гуфтаи Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи «Вахш», даста, ки барои бори дуввум дар Ҷоми раиси AFC ширкат меварзад, танҳо бо мақсади пирӯзӣ дар сабқати гурӯҳӣ ба Мянмар омадааст. Гарчанде, ки ҳавои Янгон рӯзона, ҳангоми бозиҳои мо то ба 45 дараҷа мерасад, футболбозони мо кӯшиш хоҳанд кард, бар рақибони худ ғалаба намоянд. Мо, ки чаҳор рӯз пештар аз бозии аввал ба Мянмар омадем, бачаҳои мо то як андоза ба иқлими ин ҷо мутобиқ шудаанд.
XS
SM
MD
LG