Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ненсӣ Пелосӣ бо Ҳомиди Карзай дар Кобул


Ненсӣ Пелосӣ, раиси Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико ҳамроҳ бо сафири Амрико дар Кобул Карл Эйкенберрӣ ва фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО генерал Стенлӣ МаКристалл имрӯз дар Кобул бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай мулоқот кард. Дафтари Пелосӣ мегӯяд, дар ин гуфтугӯ вазъи сиёсиву амниятии Афғонистон баррасӣ шудааст.
Ин мулоқот дар ҳоле доир шуд, ки нирӯҳои байналмилалӣ ба як амалиёти густардаи низомӣ дар ҷануби Афғонистон омодагӣ мегиранд ва Ҳомиди Карзай низ дар садади сафар ба Амрикост. Мулоқоти ӯ бо ҳамтои амрикоияш Барак Обама дар Вошингтон рӯзи 12 май барпо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG