Пайвандҳои дастрасӣ

Таркиши мошини бомбгузоришуда дар Доғистон


Бино ба хабарҳо, имрӯз бар асари таркиши мошини бомбгузоришуда дар ҷумҳурии Доғистони Русия дастикам 1 нафар кушта шуд. Таркиш дар шаҳри Каспийск ва дар рӯзе рух дод, ки дар Русия аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ таҷлил мекунанд. Мақомот мегӯянд, як нафаре ки дар дохили мошин буд, ба ҳалокат расид.
Доғистон дар баробари Чеченистону Ингушистон аз он ҷумҳуриҳои ошӯбзадаи Қафқози шимолист, ки чирикиҳои исломиаш барои касби истиқлолият аз Маскав меҷанганд.
XS
SM
MD
LG