Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз дар Теҳрон 5 нафарро ба дор кашиданд


Бино ба хабарҳо, имрӯз дар Теҳрон 5 маҳкум, бо шумули як занро бо ҷурми иҷрои як силсила “амалҳои террористӣ” ба дор овехтанд. ИРНО, хабаргузории расмии Эрон аз қавли додситонии Теҳрон навишт, ки ин 5 нафар аъзои гурӯҳҳои “аксулинқилобӣ” буда, дар зиндони Эвин ба дор кашида шуданд.
Гуфта мешавад, ки Ширин Аламҳавлӣ, Фарзод Камонгар, Алӣ Ҳайдариён, Фарҳод Вакилӣ ва Маҳдӣ Исломиён дар “иҷрои амалҳои террористӣ, аз ҷумла бомбгузории марокизи давлатӣ ва моликияти ҷамъиятӣ дар чандин шаҳри Эрон” муҷрим шинохта шуданд. 4 тани онҳо аз ақалияти курд будаанд.
XS
SM
MD
LG