Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати 68 сенатори амрикоӣ ба манъи минаҳо


68 сенатори амрикоӣ ба номаи дастаҷамъие имзо гузоштанд, ки аз раиси ин ҷумҳурӣ Барак Обама имзои Паймони байналмилалии манъи минаҳои зиддинафарро тақозо мекунад.
То кунун ин паймони соли 1997 тасвибшударо 158 кишвари ҷаҳон тасвиб кардаанд, вале тавлидкунандагони асосии мина - Амрикову Чин ва Русия ин паймонро то ҳол имзо накардаанд.
Масъулини маъракаи манъи минаҳо дар Амрико мегӯянд, аз сӯи 68 сенатор, ки аз се ду ҳиссаи аъзои Сенатро ташкил медиҳад, имзо шудани ин нома далели афзоиши таваҷҷӯҳ ба ин мавзӯъ дар Амрикост ва Кохи Сафед, ки ҳанӯз аз поёни соли гузашта ба бозбинии сиёсаташ дар қиболи масъалаи минаҳо шурӯъ кардааст, бояд ба ин бияндешад.
XS
SM
MD
LG