Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 10 нафар дар Вазиристон аз ҳамлаи мушакӣ


Бино ба хабарҳо, шиллики ду мушаки эҳтимолан амрикоӣ мунҷар ба тахриби як қароргоҳи Толибон дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристони шимолӣ ва ҳалокати 10 нафар шудааст. Ҳамлаи мушакӣ болои Инзаркас, рустое дар ғарби Мироншоҳ, бузургтарин шаҳри Вазиристони шимолӣ сурат гирифтааст. Ҳанӯз дар бораи ҳуввияти афроди кушташуда дар натиҷаи ин ҳамла гузорише ба даст нарасидааст. Амрико дар ин авохир дар ҳошияи марзи Афғонистон ба хотири аз байн бурдани паноҳгоҳҳои ҷангиёни Ал-Қоида ва Толибон аз ҳамлаҳои мушакӣ ба таври фаровон истифода мебарад.
XS
SM
MD
LG