Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА барои ҳифзи евро як сандуқи вижа таъсис медиҳад


Мақомоти ИА рӯи ҷузъиёти сандуқе кор мекунанд, ки бояд ба хотири таъмини суботи минтақаи евро таъсис дода шавад. Раҳбарони 16 кишвари минтақаи евро умедворанд, ки таҳияи чунин механизми пуштибонии молӣ пеши роҳи ба кишварҳое, чун Португалия ва Испания густариш ёфтани бӯҳрони қарзҳои Юнонро хоҳад гирифт. Раҳбарони ИА алакай як барномаи кӯмаки иборат аз 110 миллиард евро барои Юнонро тасвиб карданд. Давлати Юнон дар иваз як силсила тадобири шадид рӯи даст гирифта, аз ҷумла мизони маошу нафақа ва соъир масрафоташро сахт коҳиш дод. Ин амр эътирозҳои шадидеро дар Афина ва шаҳрҳои дигари Юнон ба бор овард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама низ дирӯз дар бораи бӯҳрони қарзҳои Юнон изҳори нигаронии шадид кард.
XS
SM
MD
LG