Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон ба таҳқиқи парвандаи Шаҳзод шарик мешавад


Покистон мегӯяд, иртиботи эҳтимолӣ миёни ҷангиёни фаъол дар ин кишвар бо нафари гумонбар дар қасди тарконидани мошини бомбгузоришуда дар Таймс-Сквер, маъруфтарин майдони шаҳри Ню-Йоркро таҳқиқ мекунад.
Нафари муттаҳам ба ин талоши бомбгузорӣ Файсал Шаҳзод зодаи Покистон буда, ба муфаттишон гуфтааст, ки дар сарзаминҳои қабиланишини Вазиристон, ҷабҳаи фаъолияти Толибони Покистон ва шабакаи Ал-Қоида тамрин гирифта буд.
Вазири умури дохилаи Покистон Раҳмон Малик гуфт, Исломобод аз сӯи Амрико барои анҷоми чунин таҳқиқот дархости расмӣ дарёфт кардааст. Ӯ афзуд, ки танҳо муфаттишини покистонӣ ҳаққ хоҳанд дошт, пайвандони Шаҳзод ва соъир ёрони ӯро дар Покистон бозпурсӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG