Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди 96 вагони орду ғизо ба вилояти Хатлон


Хабаргузории “Авасто” менависад, вуруди ду қатори нахустин ба вилояти Хатлон дар пайи 3 моҳи тавқифро бо ибтикори шахсан раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов ва ба хотири кӯмак ба осебдидагони селхезиҳои ахир дар минтақаи Кӯлоб иҷозат додаанд. 96 вагони нахустин, иборат аз орду маҳсулоти дигари ғизоӣ, рӯзи шанбе тавассути истгоҳи роҳи оҳани то ҳол басташудаи Амӯзанг вориди ҷануби Тоҷикистон шудааст. Тайи 3 моҳи охир ҳаракати қаторҳои роҳи оҳан дар самти вилояти Хатлон аз ҷониби Узбакистон ба далели тармими як бахши тахрибшудаи ин масир пурра баста шуда буд. Гуфта мешавад, ки ҳаракати қаторҳо тавассути ин масир аз ин ба баъд ба сурати мунтазам сурат хоҳад гирифт.
Тайи ин 3 моҳ ҷамъи вагонҳои дар Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон болиғ аз 2000 шуд ва Душанбе ба хотири ҳалли қазия ба СММ ва ахиран ба САҲА низ муроҷиат кард.
XS
SM
MD
LG