Пайвандҳои дастрасӣ

Оморҳои зиддунақиз дар бораи қурбониёни сел


Оморҳои расида дар бораи теъдоди қурбониёни селу боришоти ахир дар минтақаи Кӯлоб ҳамчунон зиддунақизанд. Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст, то 9 май ҳалокати дар мамҷӯъ 14 нафар, аз ҷумла 7 нафар дар Кӯлоб, 6 тани дигар – дар Шӯрообод ва якеи дигар – дар Норак таъйид шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамин ниҳод дирӯз шумори қурбониёни офоти табиӣ дар ҷануби Тоҷикистонро 21 нафар мегуфт.
Аммо хабаргузории “Азия Плюс” дар бораи ҳалокати 20 нафар дар селхезиҳои рӯзҳои 6 ва 7 май хабар дода, мегӯяд, омори расмӣ он аҷсодеро, ки худи хешовандонашон аз зери гил берун оварда, бидуни сабт дар мурдахонаҳо дафн кардаанд, дар бар намегирад. Вале бархе аз сокинони шаҳри Кӯлоб мегӯянд, теъдоди ҳалокшудагон танҳо дар ин шаҳр даҳҳо нафар шудааст.
Ба ҳисоби кумитаи ҳолоти изтирорӣ, селхезиҳои ахир дар минтақаи Кӯлоб дар маҷмӯъ беш аз 600 манзил, ҳудуди 150 километр роҳ, 27 пул ва ҳазорон гектар замини киштро пурра ваё қисман тахриб кардааст.
XS
SM
MD
LG