Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон ба вагонҳои Хатлон иҷозаи убур дод


Узбакистон баъд аз се моҳи боздошти қаторҳои марбут ба Тоҷикистон нахустин вагонҳои ҳомили ордро ба самти вилояти Хатлон иҷозаи убур додааст. Ба навиштаи расонаҳои Узбакистон, чунин тасмим дар пайи обхезии маргбор дар Кӯлоб гирифта шудааст.

Усмон Қаландаров, муовини раиси ширкати «Роҳи оҳан»-и Тоҷикистон, мегӯяд, 96 вагони орд ба вилояти Хатлон расидааст ва интизор меравад, қаторҳои дигари ҳомили маводи ғизоӣ сарҳади Узбакистонро убур кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, феълан беш аз ду ҳазор вагони марбут ба Тоҷикистон, ки аксари онҳо иборат аз орду гандум ва сӯзишворист, дар ҳудуди Узбакистон банд мондаанд.

Транзити вагонҳо тавассути минтақаи Амузанг, ки Узбакистонро бо вилояти Хатлони Тоҷикистон мепайвандад, сар аз моҳи марти соли ҷорӣ мамнӯъ буд. Мақомоти кишвари ҳамсоя манъи ҳаракати қаторҳо дар ин роҳро ба мушкилоти фаннӣ рабт медоданд.

Бино ба навиштаи расонаҳои Узбакистон, иҷозаи убури қаторҳои вилояти Хатлон бо амри раисиҷумҳури ин кишвар Ислом Каримов содир шудааст.

Ин дар ҳолест, ки дирӯз мақомоти Тоҷикистон аз Созмони амният ва ҳамкории Аврупо тақозо карданд, ки барои ҳалли мушкили боздошти вагонҳо аз сӯи Узбакистон кумак кунад. Пештар Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид низ хостори кумак дар ин масъала шуда буд, вале мушкил роҳи ҳал пайдо накард.

Сафари ба Тошканд авохири моҳи гузашта анҷомдодаи ҳайати давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, кадом натиҷае ба бор наоварда буд.

Боздошти вагонҳои молу колои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон аз авохири моҳи феврали соли ҷорӣ баъд аз он ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармояи мардумро ҷалб кард, шурӯъ шуд. Зеро Ӯзбакистон бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад ва мегӯяд, бунёди ин нерӯгоҳ бо чунин зарфият ва сарбанд хатароти зистмуҳитӣ дар пай дорад.

Сарчашмаҳои расмии Тоҷикистон ҳаҷми зарари боздошти семоҳаи қаторҳо дар қаламрави Узбакистонро ҳудуди 100 миллион доллар баровард кардаанд.
XS
SM
MD
LG