Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати нави Онишенко дар мавриди Тоҷикистон


Сартабиби беҳдоштии Русия Геннадий Онишенко аз куллия шаҳрвандони Русия, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, даъват кардааст, ба маҳзи бурузи бемории полиомелит, ё фалаҷи кӯдак қаламрави ин кишварро тарк кунанд. Онишенко пеш аз ҳама тарки Тоҷикистон кардани кӯдаконро тавсия додааст.
Русия ахиран вуруд ба қаламравашро барои атбоъи то шашсолаи Тоҷикистон манъ кард. Қаблан Маскав ҳамин тавр, ба манзури пешгирӣ аз густариши полиомелит воридоти чормағз ва меваи хушкро аз Тоҷикистон манъ карда буд.
Ибтидо дар бораи ҳалокати 12 тифл бар асари фалаҷи кӯдак дар Тоҷикистон гузориш шуда буд, вале мақомоти беҳдоштии ин кишвар мегӯянд, то имрӯз маҳз аз ин беморӣ даргузаштани ҳамагӣ 1 кӯдак мушаххас шудааст.
XS
SM
MD
LG