Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи дубораи парвозҳо дар як бахши Аврупо


Паҳн шудани дуди вулқони Исландия рӯзи шанбе дигарбора боиси эҷоди мавонеъ дар роҳи анҷоми парвозҳои ҳавоӣ дар қораи Аврупо шуд. Дуди вулқон алакай ба парвозҳо дар Португалияву Фаронса ва Испания таъсир гузоштааст. Испания 19 фурудгоҳашро баста, дар Португалия беш аз 100 парвоз лағв шудааст. Хадамоти ҳавошиносии Фаронса мегӯяд, дуди вулқон шоми шанбе болои осмони Фаронса хоҳад омад. Ин дар ҳолест, ки дуди вулқони Исландия ҳавопаймоҳоеро, ки байни Аврупову Амрико парвоз мекунанд, низ маҷбур кардааст, масофаи тӯлонитареро давр бизананд. Ин боиси 2 соат афзудани вақти парвоз тавассути уқёнуси Атлас шудааст.
Мақомоти Исландия дар ҳамин ҳол мегӯянд, рӯзи ҷумъа оташи вулқон дигарбора баланд шуд.
XS
SM
MD
LG