Пайвандҳои дастрасӣ

Асноди парвандаи Катин ба Варшава супурда шуд


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев рӯзи шанбе беш аз 60 ҷилд матолиби марбут ба таҳқиқи қатли оми афсарону зиёиёни лаҳистонӣ бо дасти режими Иосиф Сталин дар 70 соли пеш дар минтақаи Катинро ба кафили раёсатҷумҳурии Лаҳистон Бронислав Коморовский таслим кард. Ин як гоми дигар дар роҳи беҳбуди равобити Маскаву Варшава қаламдод мешавад.
Қатли ҳудуди 20 000 лаҳистонӣ дар оғози ҷанги дуввуми ҷаҳон, дар баҳори соли 1940 барои даҳсолаҳо як мушкил дар равобити ду кишвар шуда буд. Мақомоти Шӯравӣ масъулияти қатли ин мардумро ба нирӯҳои Олмони фашистӣ бор мекарданд, вале дар соли 1990 ин масъулиятро ба гардан гирифта, ба таҳқиқи қазия шурӯъ карданд. Рӯзи шанбе натоиҷи ҳамин таҳқиқоти анҷомшуда ба Лаҳистон супурда шуд.
XS
SM
MD
LG