Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви парвозҳо дар Португалияву Испания


Густариши дуди вулқони Исландия боиси баста шудани чандин фурудгоҳ ва қатъи парвозҳо дар Португалия ва Испания шуд. Испания 15 фурудгоҳро дар шимоли кишвар баста, Португалия беш аз 100 парвозро дар фурудгоҳҳои Лисабону Порто ва Фаро лағв кардааст. Ин дар ҳолест, ки дуди боз ҳам паҳнтаршудаи вулқони Исландия ҳавопаймоҳоеро, ки тавассути уқёнуси Атлас байни Аврупову Амрико парвоз мекунанд, низ маҷбур кардааст, масофаи тӯлонитареро давр бизананд. Ин боиси 2 соат афзудани вақти парвоз байни ин ду қора шудааст.
Мақомоти Исландия дар ҳамин ҳол мегӯянд, рӯзи ҷумъа оташи вулқон дигарбора баланд шуд.
XS
SM
MD
LG