Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрон монеъи сафари Саркозӣ ва Берлусконӣ шуд


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ ва сарвазири Итолиё Силвио Берлусконӣ ба маҳзи бӯҳрони молии Аврупо сафари худ ба Маскав ба хотири ширкат дар солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистиро лағв кардаанд. Саркозӣ гуфт, ки онҳо мехоҳанд барномаи фарогири дифоъ аз евро дар муқобили ҳаннотонро то шурӯъи кори бозорҳо дар субҳи душанбе ба кор биандозанд. Ин барнома аз ҷониби вазирони молияи ҳамаи 27 кишвари узви ИА рӯзи якшанбе баррасӣ хоҳад шуд.
Шаби ҷумъа 16 кишвари минтақаи евро барномаи 110-миллиардевроии кӯмак ба Юнонро тасвиб карда, хостори иттихози тадобири оҷил ба манзури ҳифзи евро аз уфти башиддати рӯзҳои охир шуданд.
XS
SM
MD
LG