Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидори президентҳо баъд аз суқути Боқиев


Дар қароргоҳи раисиҷумҳури Русия дар минтақаи Горкии вилояти Маскав нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ доир шуд. Ин нишаст дар ҳошияи маросими таҷлил аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ мегузарад ва нахустин дидори рӯбарӯи раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ дар пайи суқути давлати Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел дар Қирғизистон аст.
Дар ҳошияи ҷашни Рӯзи ғалаба баргузории нишасти низ ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ҳам дар назар буда, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба хотири ширкат дар ин тантанаҳо ба Маскав рафтааст
XS
SM
MD
LG