Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо дар талоши наҷоти евро


Раҳбарони 16 кишвари узви минтақаи евро дар пайи нишаст дар Брюссел эълон карданд, ки барномаи изтирории ҳимоят аз уфти бештари қурби евро дар натиҷаи бӯҳрони Юнонро ба роҳ хоҳанд андохт.

Гуфта мешавад, ки ин барномаи ҳимояти евро аз ҳамлаи ҳаннотон аллакай рӯзи душанбе, ба муҷарради боз шудани бозорҳо, омода хоҳад шуд.

Раҳбарони минтақаи евро рӯи барномае кор мекунанд, ки ҳадафаш пешгирӣ аз густариши асароти бӯҳрони молии Юнон ба дигар кишварҳои ин қаламрав аст. Ба бовари аҳли нишасти Брюссел, ки дар баробари сарони 16 кишвари минтақаи евро раҳбарони Бонки марказии Аврупо ва Кумиссиюни Аврупоро низ гирди ҳам овард, ин барномаи зиддиҳаннотӣ нахоҳад гузошт, ки тоҷирон евроро боз ҳам зери фишорҳое қарор диҳанд, ки воҳиди пули Аврупо дар пайи амиқ шудани бӯҳрони Юнон дучор шуд. Раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ба дунболи анҷоми нишасти Брюссел гуфт, кишварҳои минтақаи евро ба хотири ҳимояти суботи ин пули муштараки худ омодаанд тамоми тадобири мумкинро ба кор бубаранд.

Тоҷирони асъор бо вуҷуди тасвиби нақшаи 110-миллиардевроии наҷоти Юнон боз ҳам ба осемасарона фурӯхтани евро идома медиҳанд, ки дар натиҷа қурби евро ба шиддат поин рафта, хатари густариши бӯҳрони назири Юнон ба кишварҳои аз нигоҳи иқтисодӣ имрӯз заифтаре, чун Португалияву Испания ва Ирландияро пеш овардааст. Бозорҳои умдаи бурси Аврупо дар ин ҳафта шоҳиди уфти башиддат ва бесобиқаи қиматҳо шуданд ва танҳо дар як рӯзи ҷумъа қимати нишондиҳандаҳои асосӣ дар биржаҳои Лондону Франкфурт ва Порис беш аз 4 дарсади дигар поин рафт.

Сарони кишварҳои минтақаи евро ба он айбдор мешуданд, ки ба маҳзи беамалӣ боиси амиқрафти бадбахтиҳои молии Аврупо шудаанд. Аммо онҳо акнун иқрор мекунанд, ки ба як вазъи истисноие рӯбарӯ шудаанд, ки аз онҳо тадобири низ истисноиро тақозо мекунад. Раҳбари давраии иттиҳодияи 16 кишвари узви минтақаи евро Жан-Клод Юнкер гуфт, минтақаи евро ба “ҳамлаи ҷаҳонӣ” аз сӯи бозорҳо дучор шуда, оҷилан ба эъмоли табодири зиддиҳаннотӣ ниёз дорад.

Қарор аст, рӯзи 9-уми май дар музокироти изтирорӣ ба манзури баҳси ҷузъиёти ин барнома вазирони молияи ҳамаи 27 кишвари ИА ширкат биварзанд. Дар баробари иттихози тадобири оҷил ба хотири дифоъ аз евро, раҳбарони кишварҳои минтақаи евро ҳамчунин ҷиҳати суръат додани раванди коҳиши будҷетҳои давлатӣ, қоидаҳои шадидтари будҷетӣ дар ҳудуди ИА ва ҳатто эъмоли таҳримот болои кишварҳои пурмасраф тавофуқ карданд.

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар ин нишаст ҳамчунин бознигарии паймони соли 1992-ро, ки шароити вуҷуд ва фаъолияти евро ба ҳайси пули муштараки ин 16 кишварро таъйин мекунад, пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG