Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ду қатори нахустини орд вориди Хатлон шуд


Ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯяд, ҷониби Узбакистон ду қатори ҳомили тақрибан 70 вагони ордро баъд аз 3 моҳи тавқиф раҳо кардааст. Муҳаммадюсуф Абдураҳмонов, раҳбари раёсати ширкати роҳи оҳан гуфт, ҳарду қатор вориди вилояти Хатлон шуданд. Оқои Абдураҳмонов афзуд, музокироти ҷонибҳо бар сари беш аз 2000 вагони бозмонда дар хоки Узбакистон идома дорад.
Бо ин ҳол, Тоҷикистон аз САҲА хостааст, ба ҳалли қазияи вагонҳои дар Узбакистон бандшудааш мусоидат кунад. Сафири Тоҷикистон дар Вена Нуриддин Шамсов гуфтааст, талошҳои якҷонибаи Тоҷикистон ба манзури ҳалли қазия натиҷа надод ва акнун ба САҲА ва раҳбари давраияш Қазоқистон муроҷиат мекунад, то ҷиҳати таъмини аслҳое, чун амнияти васоили нақлия ва убуру мурури озодонаи марзҳо тадобири фаъолона ва муассир андешад. Ҷамъи вагонҳои дар Узбакистон бандшудаи Тоҷикистон беш аз 2000 ва хисороти расида ба иқтисодаш дастикам 100 миллион доллар гуфта мешавад.
XS
SM
MD
LG