Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи кишварҳои минтақаи евро дар Брюссел


Раҳбарони 16 кишвари узви минтақаи евро мегӯянд, ба хотири кӯмак ба кишварҳои бӯҳронзадаи ин қаламрав як сандуқи вижаи зиддибӯҳронӣ таъсис дода, талош доранд аз боз ҳам заифтар шудани ин воҳиди пули Аврупо пешгирӣ кунанд.
Сарони ин кишварҳо ҳамчунин ҷиҳати эҷоди мавонеъи ҳанӯз номушаххас дар роҳи ҳаннотони бозорҳои молӣ, ки ба ҳамлаҳои ахир алайҳи қурби евро айбдор мешаванд, низ ба тавофуқ расиданд. Дар нишасти шаби ҷумъа дар Брюссел ҳамчунин барномаи муштараки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул дар мавриди ироаи 110 миллиард евро кӯмаки молӣ ба иқтисоди бӯҳронзадаи Юнон тасвиб шуд. Бӯҳрони Юнон боиси башиддат пойин рафтани қурби евро дар ин ҳафта шуд.
XS
SM
MD
LG