Пайвандҳои дастрасӣ

Омори зиддиунақизи қурбониёни сел дар Кӯлоб


Ба гуфтаи мақомот, шумори қурбониёни обхезиҳои рӯзҳои 6 ва 7 май дар минтақаи Кӯлоб дастикам 16 нафар шуда, беш аз 40 тани дигар беномунишон боқӣ мемонанд. Аммо сокинони шаҳри Кӯлоб дар бораи ҳалокати беш аз 50 нафар танҳо дар ин шаҳр бар асари ин офоти табиӣ хабар медиҳанд.
Селхезиҳо дар маҷмӯъ ба 12 ноҳияи ҷануби Тоҷикистон асобат карда, хисороташ, ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолоти изтирорӣ Мунир Назриев, болиғ аз 100 миллион доллар шудааст. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз аз шаҳри офатзадаи Кӯлоб дидан кард. Ба хотири кӯмак ба осебдидагон як ситоди ҳукуматӣ ташкил ва дар “Амонатбонк” барои кӯмак ба сокинони навоҳии офатзада суратҳисоби вижа боз шудааст.
XS
SM
MD
LG