Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Эрон аз пешниҳоди музокироти ҷадид


Эрон мегӯяд, аз пешниҳоди музокироти ҷадид бо қудратҳои ғарбӣ бар сари барномаҳои ҳастаияш, ки эҳтимолан дар Туркия доир хоҳанд шуд, истиқбол мекунад. Хабаргузории туркии Анатолия аз қавли вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ овардааст, ки мегӯяд, “Эрон ин пешниҳодро қабул кардааст ва агар мо пиромуни таърихаш низ ба тавофуқ бирасем, ин нишаст дар кӯтоҳфурсат барпо хоҳад шуд.”
Муттакӣ шоми ҷумъа аз ҷумла ҳамин мавзӯъро дар Истамбул бо мақомоти Туркия баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG