Пайвандҳои дастрасӣ

Дуди вулқон соати парвозҳоро бештар кардааст


Дуди боз ҳам паҳнтаршудаи вулқони Исландия ҳавопаймоҳоеро, ки тавассути уқёнуси Атлас байни Аврупову Амрико парвоз мекунанд, маҷбур кардааст, масофаи тӯлонитареро давр бизананд. Ба ин далел, вақти парвоз байни ин ду қора то ду соати дигар бештар шудааст.
Мақомоти масъули таъмини амнияти парвозҳо мегӯянд, ин абри пурдуд аммо кадом таҳдиде ба парвози ҳавопаймоҳо надошта, зарурати тавқифи кадом парвозеро ҳам пеш наовардааст. Вале ин дуди вулқон ҳавопаймоҳоро маҷбур мекунад, бо худ маводи сӯхти изофӣ бигиранд.
Вулқони Исландия аз таърихи 13 апрел ба ин сӯ фаъол шуда, ҳанӯз кадом аломати сокит шуданаш мушоҳида нмешавад.
XS
SM
MD
LG