Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаҳои хунини шаби гузашта дар Бангкок


Хушунатҳои ахир дар Бангкок метавонад ба талошҳо барои ахзи тавофуқ миёни тазоҳургарон ва сарвазир Абҳисит Веҷҷаҷива ҷиҳати хатми бӯҳрони сиёсии Таиланд, ки ду моҳ боз идома дошт, таҳдид кунад. Шаби шанбе бар асари чанд ҳамлаи мусаллаҳона дар як минтақаи пур аз сайёҳи Бангкок, пойтахти Таиланд ду маъмури пулис кушта ва 13 тани дигар захмӣ шуданд.
Сарвазир Веҷҷаҷива дар чаҳорчӯби муомилааш бо тазоҳургароне, ки аз сарвазири собиқ Таксин Шинаватра пуштибонӣ мекунанд, аз ҷумла мунҳал кардани парлумон дар пешорӯи интихоботи моҳи ноябрро пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG