Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян мегӯяд, ба музокирот ҳамоно омода ҳаст


Раҳбари худкомаи Кореяи шимолӣ Ким Ҷонг Ил гуфт, бо вуҷуди нокомии музокироти шашгона пиромуни барномаҳои ҳастаии кишвараш ӯ ҳамчунон ба музокироти масоили халъи силоҳҳои ҳастаӣ омода ҳаст. Ким зимни боздидаш аз Пекин, пойтахти Чин гуфт, Кореяи шимолӣ хостори “ҳалли мусолиматомез аз роҳи гуфтугӯст”. Ӯ афзуд, равобити дӯстонаи кишвараш бо Чин бо вуҷуди гузашти ин ҳама муддат бидуни тағйир боқӣ мемонад.
Кореяи шимолӣ аз музокироти шашгона соли гузашта дар пайи таниши бархоста бар сари озмоиши ду бомби ҳастаӣ ва мушакҳояш хориҷ шуд. Ин музокирот ироаи як силсила имтиёзоти моливу энержӣ дар ивази қатъи фаъолиятҳои ҳастаии Пхенянро ба ҳадаф дошт.
XS
SM
MD
LG