Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмоиши мушакҳои "Ғазнавӣ" ва "Шоҳин" дар Покистон


Покистон мегӯяд, ки рӯзи шанбе озмоиши ду мушаки кӯтоҳпарвози қодир ба бурдани кӯлоҳакҳои ҳастаияшро бомуваффақият анҷом додааст. Ҷараёни озмоиши мушакҳои раҳбурдии мавсум ба “Ғазнавӣ” ва “Шоҳин-1”-ро сарвазири Покистон Юсуфризо Гелонӣ ва дигар мақомоти аршади низомии ин кишвар назорат мекарданд. Тӯли парвози мушаки “Ғазнавӣ” то 300 ва аз “Шоҳин-1” то 650 километр гуфта мешавад.
Низомиёни Покистон ин озмоишро ҷузъи талошҳо ба манзури тақвияти тавонмандиҳои дифоъии ин кишвар меноманд. Ҳам Покистон ва ҳам рақиби қадимиаш дар ҷануби Осиё –Ҳинд ҳарду соҳиби бомбҳои ҳастаиянд.
XS
SM
MD
LG