Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши ВР барои пӯшондани манбаъи хуруҷи нафт


Ширкати бритониёии Бритиш Петролеум(ВР) талош дорад, ба хотири пӯшонидани манбаъи хуруҷи нафти хом ба обҳои халиҷи Мексика манбаъи ин фоҷиаи бузурги зистмуҳитиро зери як таҷҳизоти чаҳорқабатаи фулузӣ бигирад.
Насби ин таҷҳизоти оҳану бетон, ки 60 метр давра доштааст, бо истифода аз роботҳо сурат мегирад ва он бояд дар умқи 1,5-километрии оби халиҷ ва дақиқан дар ҳамон нуқтаи хуруҷи нафт насб шавад. Баъдан нафте, ки берун меояд, тавассути лӯлаҳои махсус ҷамъоварӣ шуда, пеши роҳи хуруҷи он ба обҳои халиҷ гирифта хоҳад шуд. Сухангӯи ВР гуфт, насби таҷҳизот шояд то 12 соатро дар бар бигирад.
XS
SM
MD
LG