Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии ҷаҳон ба таҷлил аз солгарди 65-уми ғалаба


Дар Аврупои ғарбӣ ва Амрико рӯзи 8 май аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ дар ҷанги дуввуми ҷаҳон таҷлил мекунанд. Ба ин муносибат дар аксари пойтахтҳои ин ду қора расмҳову ҳамоишҳои вижа ва сафороии нирӯҳои мусаллаҳ баргузор хоҳад шуд. Аммо аксари кишварҳои пасошӯравӣ солгарди пирӯзӣ бар Олмонро рӯзи 9 май таҷлил мекунанд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба хотири ширкат дар маросими таҷлил аз солгарди 65-уми пирӯзӣ бар Олмони фашистӣ ба Маскав рафт. Дар ҳошияи ин маросим нишастҳои ғайрирасмии сарони Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ ва Паймони амнияти дастаҷамъӣ низ баргузор мешавад, ки нахустин ҳамоиши раҳбарони кишварҳои пасошӯравӣ дар пайи суқути давлати Қурмонбек Боқиев дар натиҷаи ошӯбҳои рӯзи 7 апрел дар Қирғизистон аст.
XS
SM
MD
LG