Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Евро ба фишори бозор гардан доданӣ нест


Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ дар пайи нишасти сарони 16 кишвари узви минтақаи евро гуфт, ин кишварҳо дар талошҳои худ ҷиҳати сокит кардани бозорҳои молӣ чунон “оштинопазирӣ”-е намоиш хоҳанд дод, ки савдогарони ин бозорҳо дигар ҳеҷ гоҳ натавонанд пули евроро таҳти фишоре чун дар рӯзҳои бӯҳрони Юнон бигузоранд. Нишасти минтақаи евро хостори таҳияи қоидаҳои нави бозӣ барои бозорҳо, сандуқҳои сармоягузорӣ (hedge funds) ва ҳам барои созмонҳое шуд, ки дараҷаи қобилияти кишварҳову ширкатҳо барои пардохти қарзҳояшро муҳосиба мекунанд. Бахши аъзами баҳсҳо марбут ба бештар “масъул” кардани бозорҳо дар мавриди бархӯрд ба кишварҳои бӯҳронзадае, чун Юнону Испания ва Португалия буд.
XS
SM
MD
LG