Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико хостори амали бештари Покистон шуд


Амрико хостори иқдоми бештари Покистон дар амри набард алайҳи чирикиҳо шуд. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Покистон дар иҷрои тааҳҳудоти супурдааш пешрафти ҷиддӣ кардааст, вале Вошингтон дар ин роҳ аз Исломобод амали боз ҳам бештар мехоҳад.
Хонум Клинтон афзуд, Вошингтон ҳамчунин аз авоқиби фаровоне ҳам ҳушдор додааст, ки дар сурати муваффақияти ҳамлаи Таймс-Сквер дар Покистон эҳсос мешуд.
Таҳқиқи парвандаи талоши бомбгузорӣ дар ин маъруфтарин майдони шаҳри Ню-Йорк иртиботи эҳтимолии ин талош бо Толибони Покистон ва як гурӯҳи мазҳабии Кашмирро ошкор кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG